Телевизиони СМ-1 аз рӯзҳои нахустини таъсисёбияш симои маҳбуби тамошобинон буд. Соли 1998 барои барномаҳои мусиқӣ ва фарҳангияш ба гирифтани ин диплом муяссар гардид. Дар он солҳо тавассути барномаҳои мусиқию фарҳангии СМ-1 клип консертҳои ҳиндӣ, эронӣ, туркӣ, арабӣ, русӣ намоиш дода мешуд. Таваҷҷӯҳи асосӣ барои таҳқим бахшидан ба мусиқии миллӣ ва дар ин замина ба навор гирифтани клип-консертҳои ҳофизону сарояндагони маҳаллӣ равона карда шуда буд. Барои барномаҳои мусиқӣ ва фарҳангӣ, клип консертҳои санъаткорон СМ-1 ба ин ҷоиза сазовор дониста шудааст.
Соли 2001 ташкилоти байналхалқии Интернюс Неуторк байни телевизионҳои Тоҷикистон озмуни Барномаҳои иттилоотии телевизиониро гузаронид. Дар ин озмун шӯъбаи иттилоотии СМ-1 фаъолона ширкат варзид. Барои барномаи иттилоотии «Хабар» ҳакамони озмун бо назардошти сифатнокии техникӣ, сатҳи касбии рӯзноманигорон ва мӯҳтавои хуби барнома ҷои аввалро сазовор донист.
Бо баробари ифтихорнома дар ин озмун барои ғолибият ба телевизион таҷҳизоти рақамӣ аз ҷумла видеокамераи DV Cam, компютер барои корҳои танзим ҳадя карда шуд. Ин ғолибият роҳро барои гузаштани СМ-1 ба таҷҳизоти рақамӣ боз кард ва бо тадриҷ дар солҳои минбаъда телевизион пурра ба таҷҳизоти рақамӣ гузашт.
Дар баробари иштирок дар озмуни барномаи иттилоотии телевизионӣ кормандони СМ-1 ба барномаҳои «Пайғом» ва «Набзи зиндагӣ», ки ташкилоти байналхалқии Интернюс Неуторк ташкил намуда буд, фаъолона иштирок мекард. Ин ду барнома дар тамоми телевизионҳои маҳаллии Тоҷикистон намоиш дода мешуданд.
Рӯзноманигор, мудири шӯъбаи иттилоотии СМ-1 Илҳом Ҳошимов ва наворбардор Муқим Тоҷибоев дар соли 2001 бо гузоришҳои иттилоотии худ дар озмуни ҷумҳуриявии барномаи беҳтарини иттилоотӣ иштирок карданд. Озмуни номбурдаро ташкилоти Интернюс Нетуорк ташкил намуда буд. Барои гузориши беҳтарини иттилоотӣ Илҳом Ҳошимов ва Муқим Тоҷибоев ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гардиданд.
Аҳли эҷоди СМ-1 оид ба масъалаҳои экологӣ бетараф нестанд. Қариб ҳар ҳафта як масъалаи вобаста ба муҳити зист ва тозагии маҳал дар барномаи иттилоотӣ ва дигар барномаҳои телевизион инъикос меёбад.
Соли 2006 ташкилоти ҷамъиятии Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳофизати муҳити зист (YGPE) нахустин Фестивал-озмуни журналистикаи экологии вилояти Суғдро барпо кард. Телевизиони СМ-1 дар ин фестивал -озмун бо барномаи иттилоотӣ-маърифатии «Компас» иштирок кард ва дар номгӯи беҳтарин барномаи экологии телевизионӣ ғолиб дониста шуд.
Фестивал-озмуни журналистикаи экологии вилояти Суғд дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Соли 2008 низ СМ-1 дар ин фестивал-озмун фаъолона иштирок кард. Соли 2010 бошад, журналисти СМ-1 Бобоҷон Қурбонов дар ин озмун иштирок карда дар номгӯи гузориши экологии телевизионӣ ба гирифтани ҷои дуюм сазовор гардид. Барномаи «Почемучка»-и телевизион ҳамчун барномаи беҳтарини экологии бачагона дониста шуд. Журналистон ва Парвина Азизова ва Ислом Раҳимов барои иштироки фаъолонаашон ба гирифтани мукофот ва дипломи фестивал сазовор гаштанд.
Кормандони СМ-1 дар фурсати холигӣ ба варзиш машғул мегарданд. Футбол бозии дустдоштаи кормандони мо мебошад. Дар вохӯрии рафиқона, ки байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, СМ-1 ғолиби асосӣ дониста шуд. Ин гуна вохӯриҳои рафтиқона аз як тараф барои мустаҳкам гаштани дустӣ байни кормандони телевизион ва радиои шаҳри Хуҷанд мусоидат кунад, аз тарафи дигар варзиш ба саломатӣ фоиданок аст.
Ба муносибати фарорасии рӯзи матбуоти тоҷик СМ-1 бо сипосномаи Раёсати созмони журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шудааст. Аз ҷумла барои саҳми муносиб дар рушди Воситаҳои ахбори оммаи электронӣ директори генералии ШТР СМ-1 Акрам Алиҷонович Ӯрунов бо сипоснома сарфароз гардидааст.
Телевизиони СМ-1 доимо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамкорӣ дорад. Ба муносибати рӯзи таъсисёбии СМ-1 (16-уми апрел) директори генералии ширкат бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шудааст.