Муҳаббат Нозимова — муҳандиси фанни рушди занон

Ман ҳамеша як чизро ба хотир медоштам, ки ман бояд аз дирӯз бештар кор кунам. Як навигариро омӯзам. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки дар синни нафақа ба Ассотсиатсияи Миллии Занони Соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ба кор меояму боз лоиҳаҳои дигари пешрафти замону занонро ҳамроҳ иҷро карда, донишҳоямро қавӣ карда ҳамқадами замон мешавам. Бовар кунед, ки дар рӯзҳои аввали корӣ бароям хеле душвор буд. Барои чӣ? Ман 28 сол дар корҳои роҳбарикунанда фаъолият бурдаам ва низоми кории мо он замон дигар буд. Аммо ман ба ин кори навам мутобиқ шуда тавонистам.
Мақсад агарчи душвор аст, аммо онро ҳаракат карда ба охир расонидан зарур аст. Ба он бо дили гарм бояд муносибат кард. Ягон чиз худ аз худ намерӯяд. Ман бештар ба як гуфтаи машҳури Островский такя намуда гуфтаниям, ки «надо жить так, чтобы не было мучительно и больно». Воқеан тавре ҳаёт барем, ки мо барои ҷомеъа, барои пешрафти ҷумҳурии азизамон, барои пешрафти шаҳру навоҳии вилоят, барои пешравии оила дар кадом соҳае ки набошад, бояд сидқан фаъолият бурда заҳмат кашем.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий