МОИ «Суғд» фаъолияти 11 корхонаро бозхонд кард

Шурӯъ аз соли 2010 то ба имрӯз аз 35 корхонаи мавҷудаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти 11 корхона бозхонд шудааст. Феълан дар ин минтақаи озоди иқтисодии бузургтарини шимолии Тоҷикистон 24 корхона бо истеҳсолот, хизматрасонӣ ва савдо машғул аст. Фирдавс Олимзода, роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар нишасти хабарияш гуфт, сабаби бозхонди ин корхонаҳо саривақту босифат истеҳсол кардан натавонистани маҳсулот ва иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳо дар назди маъмурият мебошад. «Ҳоло ҳам мо як чанд корхонаҳоеро дорем, ки аз сабаби суст будани корашон нақша дорем, фаъолияташонро дигар созем ва ё бозхонд намоем. Сабаби бозхонди 11 субект дар он буд, ки дар аввал шарикони ватанӣ он нақшаҳое, ки доштанд бо сабаби он ки шарикони онҳо аз хориҷа саривақт маблағгузорӣ накарданд, ӯҳдадориро иҷро карда натавонистанд. Инчунин то нимаи соли 2017 бисёри мақомотҳои дахлдори давлатӣ моҳияи таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистонро дуруст дарк намекарданд».

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» давоми соли гузашта 80,14 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2016-7 миллион сомонӣ зиёд аст. Содироти молу маҳсулот дар ҳаҷми 12,5 миллион сомонӣ асосан аз ин минтақа ба кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркманистон ба роҳ монда шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий