Минбари ҳунармандон

Ин мавзӯъ дар барномаи Печутоби замон баррасӣ гардид. Кундалрезӣ — ҳунари қадима буда, то ба имрӯз устоҳои забардаст онро аз насл ба насл тавассути мактаби устодиву шогирдӣ интиқол медиҳанд. Одатан ин ҳунарро устоҳо авлодӣ иҷро мекунанд. Фарзандон ва набераҳои устодон Ҳоҷӣ Рустам Сангинов ва Иномҷон Ахмедов кундалрезиро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намудаанд. Дар Арт галереяи Сомониён намоиши ҳунарҳои дастии ин ду нафар устоҳои Хуҷандӣ ва идомадиҳандагони кори онҳо, яъне шогирдонашон баргузор шуд. Ин буд, ки гурӯҳи кории Печутоби замон сабти сайёри худро дар ин макони ҳунар баргузор намуданд. Барномаро тамошо кунед! Лаззат ва тарбияи маънавию эстетикӣ гиред!

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий