Меъёри интихоби либос кадом аст?

Мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо як дарде ҳаст, ки он муолиҷа мехоҳад. Либоси зебову қимматбаҳо аз ҳама болотар аст. Зоҳирпараст шудем. Чаро? Кам ба назар мерасад ҳолатҳое, ки бештар ба олами ботинии одам назар афканем. Дар барнома олимон, шахсиятҳои маъруф, омӯзгорон ва дигар фаъолоне, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд, иштирок намуданд. Ҳар нафар аз зиндагии худ мисолҳо оварда, дар ҷои аввал истодани либосро назар ба қиммати инсону одамгарӣ исбот кардани шуд. Лекин як нукта фикри ҳозиронро сарҷам кард. Ба намуди зоҳирӣ низ, одам набояд беаҳмият бошад. Зеро аз дақиқаҳои аввали шиносоӣ ё ҳамсӯхбат шудан бо нафаре, хоҳу нохоҳ аввал диққат ба сару либос дода мешавад. Чунки барои ба дунёи ботинӣ, тафаккури одам назар намудан вакт лозим.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий