Меҳнат сайқали ҳунар аст

Ҳунармандони ҷавон дар студияи Печутоби замон сарҷамъ шуда, аз муваффақият ва мушкилоти худ ёдрас шуданд. Онҳо хуб дарк менамоянд, ки дар натиҷаи меҳнати пайваста, ҳунарашон рушду такомул меёбад. Танҳо омӯзиши ҳунарҳои қадимаи миллӣ пуртоқатӣ ва босабру таҳаммулиро мехоҳад. Ҳамон вақт ҷавонон ҳунарҳои аҷдодиро пурра аз худ намуда, вазифаи меросбариро адо мекунанд, агар бо меҳр ва босаброна онро ёд гиранд. Албатта мактаби устодиву шогирди ин ҷо нақши муҳим дорад. Он вақт ҳоҷат ба дарёфти ҷои кории берун аз ватан намемонад. Зеро аз паи ҳунар нони худро дар ватан ёфтан мумкин аст. Нозукиҳои ин паҳлӯи мавзӯъро устои кулолгари Хуҷандӣ Ғаниҷон Зокиров, профессор санъатшинос Ғафурҷон Ҷӯраев ва раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар в. Суғд Насибахон Эшонова ба ҷавонон фаҳмониданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий