Машварати кории манфиатбахш барои беҳтар намудани барномаи «Таваҷҷуҳ»

Машварати кории лоиҳаи “Муқовимат дар бархӯрди ғояҳо”, ки аз ҷониби ШТР СМ-1 татбиқ мешавад, ин навбат коршиносону мутахассисони ин соҳаро ба ин маҳфили машваратӣ даъват намуд. Дар кори он фаъолони ҷомеъа, журналистони маъруф, коршиносони масоили доғи ҷомеъа, намояндагони мақомоти суду милитсия ҷамъ омаданд.  Акрам Ӯрунов – директори лоиҳа меҳмонони вохӯриро пазироӣ намуда, ба онҳо барои ҳамкорияшон дар марҳилаи аввали кор ва ширкат дар мавзуҳои барномаи телевизионии “Таваҷҷӯҳ” сипосгузорӣ намуда, дар ин машварати дуюми корӣ ба онҳо  комёбӣ хост. Сипас кормандони лоиҳа Илҳом Ҳошимов ва Ҷамшед Маъруфов вобаста ба он масъалаҳое ки дар барномаҳои қаблӣ матраҳ шуданд маълумот дода чигунагии татбиқи мавзӯҳои дигари лоиҳа ва баррасии онро дар машварат гузоштанд.  Таъкид шуд, ки ин лоиҳа дар ду шабака – ТВ СМ-1 дар жанри ток-шоу бо ном “Таваҷҷӯҳ” ва бо ҳамин ном дар радиои “Пайванд” давоми панҷ моҳи охир таҳия ва манзури аудитория шуд. Дар навбати худ коршиносон ва меҳмонони барнома аз таҳияи ин барнома ҳам дар телевизион ва ҳам радио изҳори хушнудӣ намуда ба ШТР СМ-1 барои татбиқи ин кори муҳим ва саривақтӣ барор хостанд.

Намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ намуданд, ки барои онҳо минбари телевизион ва радио имконияти хуб ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои нигаронкунандаи ифротишавии ҷавонон гардид. Дар машварат зикр гардид, ки таъсири чунин барномаҳо дар ТВ ва радио бисёр самарабахш аст. Гузашта аз ин то ин фурсат чунин барномаҳо бо номи мушаххас ва нақшаҳои мукаммали кориву эҷодӣ вобаста ба самти пешгирии зуҳуроти экстремистӣ дар ВАО хеле кам буд ва агар бошад ҳам хусусияти мавсимӣ дошт. Дар ҷадвали намоишҳои телевизиони СМ-1  ва радио Пайванд ин барнома моҳе ду маротиба дар эфири мустақим имконият медиҳад, ки бинандагон бо барнома робита дошта бошанд. Дар навбати худ муаллифони барнома Илҳом Ҳошимов ва Ҷамшед Маъруфов аз натиҷаҳои 10 барномаи ба эфир рафта маълумот дода аз зангҳои бинандагон ва андешаҳои онон низ сухан карданд. Маълум шуд, ки баъди ҳар як барнома ба он то 15 нафар занг мезананд ва ба мессенҷери Вайбер менависанд, аммо аз он то панҷ занги телефонӣ вобаста ба моҳияти масъала такя намуда, бинандагон пешниҳодҳои ҷолиб мекунанд. Бинандагони ток шоуи «Таваҷҷуҳ» одамони касбу кори гуногун, синну солашон аз 30 то 65 сола вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳояшонро мегӯянд, ё дар мессенҷери Вайбер навиштаанд. Хулосаи умумии зангҳо бар он ишора мекунад, ки ҷомеъа экстремизмро бо ҳамаи зуҳуроташ маҳкум мекунад ва барои мубориза бурдан таҳияи чунин барномаҳоро бо мавзуҳои тарбиявию ҳуқуқӣ мехоҳад. Ҳамаи бинандагон аз таҳияи чунин барнома хушбинӣ намуданд.  Гузашта аз ин ҳамаи барномаҳои таҳияшудаи “Таваҷҷӯҳ” аввал дар шакли анонс ва баъдан дар шакли видеоӣ дар сомонаи расмии телевизиони СМ-1 (www.cm-1.tv) гузошта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки барнома ба тамоми аудиторияи тоҷикзабонони дунё дастрас аст.  Инчунин дар баробари сомона барномаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук ва Одноклассники қисмат карда шуда имконияти фарогирияшро васеъ намудааст.

Машварати кории онрӯза бисёр пурбаҳс ва босамар буд. Коршинсону мутахассисон, олимони соҳаи ҷомеъашиносӣ ва равоншиносӣ, журналистон ва ҷавонони фаъол  ҳама хостгори идома ёфтани чунин лоиҳа шуда аз он изҳори қаноатмандӣ намуда, фикру пешниҳодҳои худро дар таҳияи мавзӯҳои минбаъда ва шакли пешниҳоди замонавии он баён доштанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий