Маъруф Муҳаммадзода: Шамол болопӯши 294 бино дар Хуҷандро барканд

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 28-уми декабр бо баргузории як брифинг ба журналистон аз рафти бартарафкунии оқибати шамоли пуршиддати шаби 26 ба 27-уми декабр иттилоъ дод. Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар таниҷаи ин офати табиӣ болопӯши 294 хонаву биноҳои баландошёна, 16 мактаби миёна, 13 кӯдакистон, беморхонаву қисмҳои низомӣ вайрон шудааст. Инчунин 40 адад симчӯб сарозер шуда 4 зеристгоҳи барқӣ осеб дидааст. Феълан дар шаҳри Хуҷанд чаҳор гурӯҳи махсус иборат аз 46 нафар созмон ёфта барои рафъи оқибати шамоли пуршиддат корбарӣ карда истодаанд. Масъалаи аз ҳама муҳим таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аст, ки гуфта мешавад дар пайи аз ҳам ҷудо шудани хатти барқ қисме аз маҳаллаҳои Хуҷанд пурра бенерӯӣ барқ мондаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба суханронии муфассали раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, ки аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати шамоли пуршиддат иттилоъ медиҳад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий