Маъруф Муҳаммадзода ду муовинашро муаррифӣ кард

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ду нафар муовинонашро муаррифӣ кард. Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода аввали муовини раиси шаҳр оид ба маорифу фарҳанг ва масоили иҷтимоӣ ва дуюми ҳамчун муовин оид ба бахшҳои иқтисод, саноат ва энергетикаи мақомоти маҳаллии Хуҷанд таъин шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода таъкид кардааст, ки нафарони ба вазифа таъингардида вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир пеш бурда меҳнати софдилонаро ба ҷой оранд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий