Маъруф Муҳаммадзода дар интихобот пирӯз шуд

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 81,3 дарсади овозҳо дар интихоботи миёндаврӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд интихоб гардид. Ӯ аз ҲХДТ ва Ҷаббор Юлдошев аз ҲДТ ҳарду аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда-2» номзадии худро ба курсии холимондаи вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд гузошта буданд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд такя ба иттилоъи Шарифуллоҳ Абдуллозода, раиси комиссияи вилоятии интихобот иттилоъ дод, ки дар маъракаи интихоботии рӯзи якшанбеи 25-уми феврал 13 449 нафар ширкат намуда аз онҳо 10 939 нафар ба Маъруф Муҳаммадзода райъи худро доданд, ки 81, 3 дарсади овозҳоро ташкил медиҳад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий