Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд дари худро боз кард

Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия–Россотрудничество ба кори худ оғоз кард. Акнун ин марказ барои ҳамкориҳои ҷавонони Тоҷикистону Русия роҳи наверо боз мекунад. Масъулин мегӯянд, маркази илму фарҳанги Русия–Россотрудничество барои ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар низ заминаи хуберо ҳам мегузорад. Гурӯҳе аз коршиносон бар он назаранд, ки дар ин марказ имкони хуби омӯзиши забони русӣ мавҷуд буда натанҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, балки сокинони дигар шаҳру навоҳии Суғд метавонанд аз он баҳраманд шаванд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий