Мактаб бо харҷи 34 ҳазор сомонии хонандагон соҳиби ду дег шуд

Мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ барои системаи гармидиҳии бинои ду мактаби миёна 500 ҳазор сомонӣ аз буҷа маблағ ҷудо кардааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар як вақт амалишавии ин кор дар ҳамаи мактабҳо ба мақомот даст намедиҳад. Тӯли чанд соли охир таваҷҷӯҳ ба гузаштан ба системаи ягонаи гармидиҳӣ дар муассисаҳои таълимии Хуҷанд афзуда мақомот дар ин кор саҳми волидони хонандагонро ҳам назаррас медонад. Феълан гуфта мешавад, ки дар мактаби рақами 16-и шаҳр насби ду деги гармидиҳӣ идома дорад ва он бо харҷи 34 ҳазор сомонии волидону соҳибкорон амалӣ мешавад. Омӯзгорони ин мактаб иттилоъ доданд, ки қаблан дар муассиса як дегӣ гармидиҳӣ мавҷуд буд, аммо бо гузашти се сол иқтидори гармииҳияш суст шудааст. Аз ин рӯ волидони хонандагон бо хоҳиши худ ба хариориву насби ду дег маблағ ҷамъоварӣ кардаанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий