Маданияти гумшуда: ё бори дигар дар бораи хизматрасонии нақлиёти мусофирбар

Аз моҳи август то ин ҷониб масъалаи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мавзӯи асосии сӯҳбати мусофирон шудааст. Автобус ба шаҳри Хуҷанд омаду сару садоҳо низ баланд шуданд. Маҳз норозигиву зиддиятҳоро дидаву шунида, Печутоби замон ин мавзӯъро кушод. Маълум шуд, ки 100 адад автобуси наву замонавӣ барои хизматрасонии мусофирон камӣ мекардааст. Баъзе мусофирони автобуси нав, аз вазъият истифода карда, бемузд аз ҷое ба манзиле рафтанӣ мешаванд. Ин муносибат боиси ҷанҷоли байни кондуктору мусофир мешавад. Дар ин миён ронандагони нақлиёти мусофирбари микроавтобус низ аз ноомадии кору маҳдудшавии хатсайрашон шикоят карданд. Роҳи ҳалли ин муамморо масъулон дар харидории боз 100 адад автобуси нав мебинанд. Тафсилоти ин мавзӯъ дар ток шоуи Печутоби замон.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий