КӮДАКОН КӮДАКИСТОН МЕХОҲАНД!

Фурқат Раҳимҷонов 38 сол дорад ва бошандаи ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаи Дустӣ мебошад. Номбурда соҳиби 4 нафар фарзанд буда, зиндагиро бо корҳои саҳро пеш мебарад, ки даромади ночиз дорад. Ба ҳар суръат розӣ аст, ки кӯдаконашро ба кӯдакистон фаро гирад, аммо дар минтақаи номбурда кӯдакистон амал намекунад. Дар замони Шуравӣ дар ноҳияи Ашт беш аз 24 кӯдакистонҳо сохта шуда, аз он 15 ададаш имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Дар ҳоли ҳозир 8 адад бинои кӯдакистонҳо бекор ё бо мақсади дигар истифода мешавад. Дар ҷадвал метавонед бобати бинои кӯдакистонҳои бекорхобида саҳеҳтар ошноӣ пайдо кунед.
Номи ҷамоат Кeдакистонҳои фаъолиятдошта Кeдакистонҳои бекорхобида Бинои фурeхташуда Истифодаи ғайр Шумораи умумӣ
1 Ашт 1 адад 1 адад 2
2 Пунук 1 адад   1
3 Шодоба 1 адад 2 адад 3
4 Ориён 1 адад 1
5 Ошоба 2 адад 1 адад 3
6 Шайдон 4 адад 3 адад 7
7 Меҳробод 1 адад 1 адад 2
8 Ифтихор 2 адад 1 адад 3
9 Понғоз 2 адад 2
Агар ин кӯдакистонҳо ба кор шурӯъ кунанд, ба ҳисоби миёна 1200 кӯдак ба таълим дар кӯдакистон фаро гирифта мешаванд, ки ин амал то андозае ин мушкилиро ҳал мекунад. Дар ин ҷода мушовири шуъбаи маъорифи ноҳияи Ашт оид ба муассаҳои то мактабӣ Юлдузой Шокирова гуфт, ки бояд аз соли 2014 то 2020 ҳар як ҷамоати ноҳия 2 ададӣ кӯдакистон бунёд мекарданд. Аммо барномаи давлати иҷро нагардид. Танҳо кӯдаконе, ки дар навбат ба таъминоти кӯдакистон қарор доранд беш аз 5 ҳазорро ташкил медиҳанд. Як навраси дигарро ба хотири поймол накрдани ҳуқуқаш ва эҳтиром канвенсияи байнанхалқӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак шартан “Ҷасур” ном бурдем. Ҷасур 7 сола буда, танҳо номҳои наздиконро медонаду халос. Аз хондан, навиштан, шергуфтан бехабар аст. Худ қазоват кунед, ки бо чунин сатҳи ҷаҳонбинӣ то чӣ андоза пеш рафтан муннкин аст. Алакай барои насли наврасу созанда ва аз ҷиҳати маънавӣ мусаллаҳ Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Имрӯз бидуни таъсиси кӯдакистон наврасонро аз ҷиҳати илму дониш мусаллаъ кардан душвор аст.

  Ҳаётҷони ОДИЛ,

Ноҳияи Ашт

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий