Камбуди барномаҳои тарбиявӣ дар ТВ ва намоишномаҳои театрӣ дар пешгирӣ аз ифротишавӣ

Одатан вақте эрод мегиранд, мегӯянд, ки дар ТВ ва дигар саҳнаҳои фарҳанги имрӯза барномаҳои тарбиявӣ кам аст, ё агар дошта бошанд ҳам нишонрас нестанд. Чаро? Ҷавонон театр намераванд ва эҳсос мешавад, ки намедонанд барои чӣ намераванд. Вақт надоранд, ё он ҷо маводи дархури онҳо намоиш дода намешавад. Пас кадом барномаи ТВ, ё намоишномаи театрӣ ба онҳо маъқул аст?
Самти сӯҳбати мо бештар дар мавриди пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон аст. Вақте сабабҳои ин ҳолатро таҳлил мекунем, андешаҳо гуногун аст. Аммо муҳимтарини он аз таваҷҷӯҳ дур мондани ҷавонон аст.
Камтаваҷҷӯҳӣ сабаб гардид, ки ҷавон ба роҳи дигар равад. Ӯ чӣ мехоҳад? Агар дар баробари оила дигар воситаҳои таъсирбахшу тарбиятгар, ба монанди ТВ ва театр маводи шоистае пешниҳод мекард, шояд чунин ҳолат рух намедод.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий