Ҷоизаи ду хабарнигори СМ-1 дар «Хомаи созанда-2017»

Ду нафар журналистони телевизиони СМ-1 дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2017» соҳиби ҷоиза шуданд. Ҳалим Ҷӯраев, мудири шӯъбаи иттилоотии «Хабар» ва Салим Саидов, барандаи ток-шои «Рӯ ба рӯ»-и ин телевизион дар наминатсияҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва соли ҷавонон ҷоизаи пулӣ ва дипломи МИҲД-и вилояти Суғдро ба даст оварданд. Инчунин ҳайати эҷодии радиои «Пайванд» дар бахши радио соҳиби ҷоиза шуданд. Аз 84 нафар иштирокчиёни озмуни «Хомаи созанда-2017», ки давоми соли гузашта маводҳои дарҷгардидиаи хуро дар ВАО-и электрониву чопӣ пешниҳод карда буданд 38 нафар соҳиби ҷоиза шуданд. Ба журналистон дар як вазъияти тантанавӣ мукофоти пулӣ ва дипломро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий