Ҷавонон бо чеҳраи ранголуд парчамбардорӣ карданд

Беш аз шаш ҳазор нафар ҷавонон дар Хуҷанд парчами дарозиаш 200 метраро болои даст гирифта роҳпаймоӣ карданд. Байни ин ҷавонон гурӯҳе ҳам буданд, ки чеҳраи худро бо рангҳои сурху сафеду сабз, ки рамзи парчами миллӣ таҷассум ёфта буд зеб дода буданд. Ҷавонони парчам дар рӯйро нахустин бор дар рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон аксаран дар Хуҷанд диданд. Ҷавонон бар он буданд, ки таҷассум ёфтани парчам дар чеҳра ҳам ин як рамзи дӯстдории рамзи давлатдорист. Муҳаммад Файзиев, як нафар донишҷӯ, ки дар рӯяш бо рангҳо парчами миллиро кашида буд мегӯяд, парчам ифтихори ҳар яки онҳост. “Мо ҷавонон парафшонии ин парчамро дида боз ҳам илҳом гирифта барои ободиву зебо гардидани кишвар кӯшиш намоем.” Парчами дарозиаш 200 метраро Моҳира Шарифова, дӯзандаи қитъаи ободонии шаҳри Хуҷанд дӯхтааст ва ин ӯ соли 2015 дар рӯзи таҷлили Парчами миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд парчами дарозиаш 500 метраро дӯхта буд. Соли 2009 парлумони Тоҷикистон санаи 24 ноябрро Рӯзи Парчами миллӣ эълон намуд ва ба феҳристи идҳои расмӣ шомил кард. Парчами миллии Тоҷикистон аз се ранг, сурх сафед, сабз ва як тоҷу 7 ситора иборат аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий