Ҷавоне бо ҷурми нашъаҷаллобӣ 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Суди шаҳри Хуҷанд як ҷавони 19 соларо бо ҷурми нашъаҷаллобӣ 15 сол равонаи зиндон намуд, ки ҷазоро дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт адо мекунад. Инчунин бино ба ҳукми суд молу амволи судшаванда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
Маъруф Рустамзода, судяи шаҳри Хуҷанд ба телевизиони СМ-1 гуфт, Комрон Исмонов, сокини шаҳри Кӯлоб соли гузашта бо 6 килою 591 гармм маводи нашъаовари навъӣ «ҳашиш» боздошт шуда буд. Ӯ тибқи моддаи 200 қисми 4 банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий