Истеъдод дарёфт ва тарбияи он

Ин навбат Печутоби замон наврасону ҷавони боистеъдодро фарогир шуд. Дар барнома онҳое ширкат доштанд, ки маҳорату истеъдодашон ба дуриҳо парвоз кардааст. Барои рушди истеъдод танҳо лаёқат ё худ тарбияи устод кифоягӣ намекардааст. Озмуну фестевал ва чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ барои рушди истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекардааст. Аммо мушкилот сари маблағ аст. Агар дастгирии молиявӣ хубтар ба роҳ монда шавад, наврасону ҷавонони боистеъдод муаррифгари ҳунару санъати волои тоҷикон дар ҷаҳон хоҳанд шуд. Дигар масъалаҳои ҳалталаби вобаста бамавзӯъро низ дар барнома мутахассисони соҳа ёдрас шуда, ҳалли онро хоҳиш намуданд. Тамошо кунед!

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий