Интихоби истироҳатгоҳ аз рӯи кадом меъёр аст?

Осоишгоҳе, ки қариб ҳамаи истироҳаткунандагонаш олимону академикону профессорон мебошанд. Ин чи маконест, ки диққати аҳли илмро ба худ мекашад? Баъди тамошои барнома дар ин бора маълумот хоҳед гирифт. Алҳол маълум, ки тобистон мавсими истироҳат. Баъди 11 моҳи пурмаҳсул шахс мехоҳад, ки рухсатии меҳнатӣ гирифта, истироҳату табобат кунад. Лекин саволи асосӣ ба миён меояд. Дар куҷо ва чӣ хел истироҳат кардан мумкин? Барои онҳое, ки ҳанӯз ҳам муайян накардаанд, Печутоби замон оиди фаъолияти якрӯзаи яке аз осоишгоҳи беруназшаҳрӣ маълумот дод. Маҳз дар ин макони осоиш имкони бо аҳли уламо ҳамнишаст шуданро пайдо мекунед.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий