Имтиёзи ММТ: Аввал холи гузариш баъд 150 бал ба ятимон ва…

Маркази  миллии тестӣ ба 70 нафар довталабон аз вилояти Суғд барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёз хоҳад дод. Ин гурӯҳи довталабон асосан ятимони кулл, камбизоатон ва маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-ум мебошанд. Ромиш Неъматов, мутахассиси ММТ дар вилояти Суғд ба СМ-1 гуфт, ки гурӯҳи довталабон замоне соҳиби ин имтиёз мегарданд, ки аввал холи гузаришро ба даст оранд. «Инҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда баъди холи гузаришро ба даст овардан дар ҳаҷми 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст.»

Бино ба иттилои Ромиш Неъматов дар фосилаи якуним моҳи қабули ҳуҷҷатҳо  беш аз 20 ҳазор нафар довталабон аз вилояти Суғд ҳуҷҷатҳои худро ба ММТ супуридаанд. Ин шумора дар миқёси Тоҷикистон беш аз 86 ҳазор нафар аст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий