Холаи Муяссар умрашро бо ҷомадӯзӣ сарф кардааст. Ӯ ҳунари ҷомадӯзиро аз бибиву модараш омӯхтааст ва имрӯз ин ҳунарро ба духтару келину наберагонаш меомӯзад. Дар шаҳри Истаравшан ҷомаро дастӣ медӯзанд ва мардуми таҳҷоӣ ҷомаро “чапон” ҳам мегӯянд. Барои дӯхтаи як ҷома занҳо то як моҳ вақти худро сарф мекунанд. Маҳсулоти хом яъне матои ҷомаро тарҳрезӣ намуда онро бо сӯзан хат мекашанд ва ҳар як хатро дар шакли чоркунҷаи хурд медӯзанд. Занҳо ин корро сангин ва “захми зӯзан” унвон мекунанд, зеро ҳар як ҷузъиёти он заҳматро талаб мекунад.

Ба монанди холаи Муяссар занони зиёде ҳастанд, ки ҷомадӯзиро як ҷузъи зиндагии худ мешуморанд. Дар шаҳри Истаравшан асосан занону духтарони деҳаи Қалъачаи бакавул бо ин кор машғул ҳастанд. Духтарон ҷомадӯзиро аз синни 12-14 солагӣ оғоз мекунанд. Дар деҳаи Қалъачаи бакавул зане нест, ки бо ҷомадӯзӣ машғул набошад. Духтарон пас аз дарс бо ин кор машғул мешаванд ва барои дӯхтани як ҷома аз 50 то 100 сомонӣ маблағ кор мекунанд. Маблағи кор намудаи духтарон барои ҷиҳози тӯй сарф мешавад. Яъне то шавҳар намудан либосворӣ ва лавозимоти зарурии рӯзғорро духтарон худашон харидорӣ мекунанд. Очаи Табаррук, ки бо ҷомадӯзӣ ва хариду фурӯши ҷома машғул аст, таърихи бо ин кор машғул шудани занони деҳаи Қалачаи бакавулро шарҳ медиҳад. Ҳарчанд дар бозори марказии шаҳри Истаравшан ҷомаҳои тариқи техника дӯхташуда вуҷуд дорад, талабот ба ҷомаи дастӣ зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки ҷомаи дастидӯхташуда як маротиба нархи гарон дорад.

Ҳарчанд арзиши як ҷомаи дастидӯхташуда аз 200 то 500 сомониро ташкил медиҳад, аммо маблағи зиёд барои матои он сарф мешавад. Имрӯз занону духтарони деҳаи Қалъачаи бакавули шаҳри Истаравшан барои кор намудани маблағи на он қадар бисёр умри худро бо ҷомадӯзӣ сарф мекунанд ва ин ҳунари миллиро пос медорад.

Салимҷон СИДОВ,

Шаҳбоз ТОҲИРОВ, шаҳри Истаравшан

Поделиться в: