Гурӯҳи нахустини ҷавонон аз Суғд 7-уми апрел ба ҳарбӣ мераванд

Гурӯҳи нахустини ҷавонон дар даъвати баҳорӣ аз вилояти Суғд рӯзи 7-уми апрел ба хизмати ҳарбӣ гусел карда мешаванд. Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд аз шумори дақиқи гурӯҳи нахустини ҷавонон иттилоъ расмӣ надод, вале гуфт аксари онҳо «ихтиёран» ба ҳарбӣ хоҳанд рафт. Хуршед Раҳимов, ёрдамчии комиссари ҳарбии вилояти Суғд ба СМ-1 гуфт, ки онҳо гурӯҳи нахустини ҷавононро бо як шукӯҳи хос ва бо баргузории барномаи фарҳангӣ дар амфитеатри «Қасри Арбоб» ба ҳарбӣ гусел мекунанд. Феълан гуфта мешавад, ҷавононе, ки бо хоҳиши худ тасмими пайвастан ба сафи артиши Тоҷикистонро доранд асосан аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Шаҳристон, Кӯҳистони Масчоҳ зиёданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Один комментарий “Гурӯҳи нахустини ҷавонон аз Суғд 7-уми апрел ба ҳарбӣ мераванд

  1. Хорошая работа! Спасибоviagra

Оставить комментарий