Гурӯҳи «Humming House»-и Амрико дар радиои Пайванд

Гурӯҳи «Humming House»-и ИМА дар ташрифи нахустинаш ба Тоҷикистон дар барномаи «С утра по радио»-и Пайванд (100.6 FM) низ иштирок намуда, бо сомеъон сӯҳбат орост. Ин гурӯҳи панҷнафараи фолклорӣ чанде аз таронаҳои худро дар жанри мусиқии «Амеркано» ба таври мустақим манзури шунавандагон гардонид. Фолклорсароёни гурӯҳи «Humming House» соли 2010 таъсис ёфта, бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Онҳо бо дастгоҳҳои мусиқии амрикоӣ озими Тоҷикистон шуда, мехоҳанд, ки фарҳанги Амрикоро ба тоҷикон муаррифӣ намоянд. Фолклорсароён зимни сӯҳбат ба СМ-1 гуфтанд, ки давоми як ҳафтаи боздид аз Тоҷикистон бо аҳли ҳунар, фарҳангу эҷодиёт ва ҳунарҳои миллии тоҷикон воқиф шуданд. «Humming House» ба русӣ «Гремящий дом» ва ба тоҷикӣ «Хонаи пурсадо» тарҷума шуда, ин гурӯҳ дар шаҳри Нэшвилли ҷанубии ИМА, ки онро шаҳри мусиқӣ ҳам ном мебаранд, фаъолият дорад. Бино ба гуфти фолклорсароёни амрикоӣ, ҳарчанд нахустин бор аст, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, вале тӯли чанд соли ахир ин кишварро бо таронаи «Чак-чаки борон»-и ҳофизи маъруфи тоҷик Далер Назаров ба хубӣ мешиносанд.

 

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий