Гови сименталӣ ба иқлими Суғд мутобиқ шудааст

Зоти чорвои калони шохдори сименталӣ, ки се сол қабл аз Олмон ба шимолии Тоҷикистон ворид карда буданд ба иқлими ин минтақа мутобиқ шудааст. Фермерон мегӯянд, дар оғоз иқлими Суғд ба ин зоти чорво гарм омад ва аз ин рӯ дохили фермаро бо дастгоҳҳои хунуккунанда муҷаҳҳаз карданд. Мазбут Абдураҳмонов, мудири фермаи ширии «Афзали Зарзамин» дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфт:  «Соли нахустине, ки гови сименталии олмониро овардем ҳаво гарм буд ва ин барои парвариши ин зоти чорво мушкил пеш овард. Он вақт дар говхонаҳо, дастгоҳҳои шаббодакунандаву обпошак мавҷуд набуд. Соли дуюм ин корҳоро ислоҳ кардем, ки дигар ҳоло барои нигоҳубини ин чорвои калони шохдор мушкил нест.»

Соли 2015 фермаи «Афзали Зарзамин» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Олмон 124 сар гови зоти сименталиро ворид кард ва ҳоло бо усули бордоркунии сунъӣ шумори онро зиёд мекунад. Ин зоти гов аз дигар намуд чорвои калони шохдор бо ширдеҳӣ ва вазни зиёд фарқ мекунад.  Як сар гови сименталӣ дар як рӯз то 45 литр шир медиҳад. Фермерон мегӯянд, гови ширдеҳро намефурӯшанд ва 90 дарсад тариқи бордоркунии сунъӣ аз он насл гирифта танҳо гӯсолаи наринаашро барои хушзоткунӣ мефурӯшанд. Як сар гови сименталӣ то 1-1,5 тонна вазн мегирад.

Поделиться в:

Похожие записи

Один комментарий “Гови сименталӣ ба иқлими Суғд мутобиқ шудааст

  1. Anvar Ашуров, thanks! And thanks for sharing your great posts every week!

Оставить комментарий