Фаррух Мақсудзода: «Буриши қайсарӣ ройгон аст»

Раёсати тандурустии вилояти Суғд сардухтурони таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ин вилоятро муваззаф кардааст, ки амалиёти ҷарроҳии буриши қайсариро ройгон анҷом диҳанд. Дар ин бора Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод. «Ҳафтаи гузашта ман ҳамаи акушер-гинекологҳо, кормандони таваллудхонаҳо, сарухтурони таваллудхонаҳои шаҳру ноҳияҳоро дар беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд гирд овардам. Дар он ҷо мо аз нав вазифагузорӣ кардем, ки буриши қайсарӣ ройгон аст. Маводҳои доруворие, ки ҳаст мо гуфтем дар дорухонаи назди ҳамон таваллудхона бо нархи арзонтар ба фурӯш гузоранд. Ҳангоме, ки бемор омад гуфтем фаҳмонетон, ки дар ин ҷо дорухона ҳаст аз ҳамин ҷо доруҳоро гирифта биёед».
Буриши қайсарӣ ин таваллуди сунъӣ мебошад, ки дар он ҷанин аз батни зан тариқи ҷарроҳӣ гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ҳамасола 18386 ва ё 7,4 дарсад ҳолати буриши қайсарӣ анҷом дода мешавад. Ин нишондиҳанда соли 2016 дар шаҳри Душанбе 24,9%, вилояти Суғд 7,7%, вилояти Хатлон 5,6%, ВМКБ 8,2% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,3%-ро ташкил медод. Соли 2017 буриши қайсарӣ дар шаҳри Душанбе то ба 17,8 дарсад ва вилояти Суғд 7,6-ро дарсадро ташкил намудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий