Ду ронанда дар Хуҷанду Душанбе як рӯз ройгон мусофиркашонӣ карданд

Як нафар ронандаи хатсайри №39 давоми имрӯз, 29 ноябр аз маҳаллаи Седастаи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то назди таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ройгон мусофиркашонӣ кард. Дар шаҳри Душанбе низ мусофирон тариқи нақлиёти ҷамътии рақами 2 аз бозори Корвон то Терминали озод ройгон ба манзил расиданд. Ин иқдомро Бонки Эсхата дар рӯзи таҷлили 23 солагии таъсисёбияш рӯи даст гирифт. Масъулини бонк гуфтанд, ки ин иқдом нахустин бор дар нақлиёти ҷамъиятӣ амалӣ шуд ва ҳадаф кӯмак ба аҳолӣ мебошад. Дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бо варақаҳои тарғиботӣ ва пуфакҳо зеб дода шуда мусофирон дар баробари ройгон ба манзил расидан ба чанде аз суолҳои кормандони бонк посух доданд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий