«DORC» комбайн: Дар даҳ дақиқа чашм ҷарроҳӣ ва бемор шифо меёбад

Бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ ба Маркази микроҷарроҳии вилояти Суғд нахустин дастгоҳи ҷарроҳии ултрасадоии «DORC» комбайнро харидорӣ карданд. Қаблан чунин дастгоҳ мавҷуд набуд ва бино ба гуфти духтурон беш аз 100 нафар наметавонистанд дар чашмонашон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронанд. Акнун тариқи дастгоҳи ҷарроҳии ултрасадоии «DORC» комбайн ҷарроҳии витроретиналӣ, оризаҳои диабети қанд дар чашм ва бемориҳои наздикбинӣ дар ҳамҷояги бо духтурони хориҷиву маҳаллӣ гузаронида мешавад. Боймаҳмад Хоҷамқулов, духтури Маркази микроҷарроҳии вилоятӣ дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфт, ки амалиёти ҷарроҳиро бемор низ эҳсос мекунад. «Ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ бемор таъсири ултрасадо ё ин ки таъсири дигар дорувориро эҳсос намекунад. Чунки ҷарроҳӣ қисман тариқи мадҳушкунӣ анҷом меёбад. Бемор дар ҳуш, бедор ва ба суолҳои ҷарроҳ посух дода метавонад. Вақти ҷарроҳӣ низ, ки тариқи ултрасадо гузаронида истодаем хело кам шуд. Мисол пештар амалиёти як ҷарроҳӣ 25-30 дақиқа идома мекард, ҳоло то 10 дақиқа амалиёт анҷом меёбад ва барои бемор низ хело сабук шуд».

Давоми ду рӯзи охири насби дастгоҳи «DORC» комбайн дар чашми 8 нафар амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақона гузаронида шудааст. Феълан чанде аз мутахассисони ширкати «DORC» дар Суғд қарор доранд ва онҳо ба духтурони маҳаллӣ тарзи дурусти амалиёти ҷарроҳӣ дар ин дастгоҳи ултрасадоиро омӯзонида истодаанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий