Дар Хуҷанд фаъолияти 31 дӯконро манъ карданд

Мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти 31 адад дӯконро манъ намуд. Аз он 27 дӯкон ба ҶДММ “Дӯсти Амирхон” мансуб буда дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи замин ҷойгир буд. Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ин тасмим бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд амалӣ мешавад. Аксари ин дӯконҳо дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҷойгир буда макони ҷойгиршавии он симои шаҳрро коста гардонидааст. Соҳибони дӯконҳо муваззаф шудаанд, ки дар дорамади кӯчаи Саховат шафати бозори Панҷшанбе ҷой гирифта ба тиҷорат машғул шаванд. Мӯҳрбандии дӯконҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан мақомоти милитсия дар пайи корҳои фаҳмонидадиҳӣ соҳибони онро огаҳ карда буданд. Гуфта мешавад, ки манъи фаъолияти дӯконҳо дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” анҷом ёфта минбаъд низ идома меёбад.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий