Дар Суғд гирифторони ВНМО афзудааст

Шумори олудагони ВНМО дар шимолии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2016-72 нафар афзудааст. Феълан дар вилояти Суғд 270 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар қайди доимии духтурон ҳастанд. Аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд ба СМ-1 иттило доданд, ки аксари олудагони ин вирус муҳоҷирони меҳнатиянд. Абдукарим Абдуев, директори ин марказ гуфт, ки аз рӯи таҳлилҳои онҳо   давоми се соли ахир аксаран ВНМО асосан тариқи алоқаи ҷинсӣ ба шахси дигар гузаштааст. «Вақте, ки мо сохтори бемориро таҳлил намудем дар соли 2016-63 фоизи нафароне, ки тариқи алоқаи ҷинсӣ олудаи ин вирус шудаанд сарчашмаи сироятёбӣ ин муҳоҷират аст.»

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий