Дар паи таркиш ба беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров 13 нафар муроҷиат карданд

Шоми гузашта санаи 04 июл тахмин соати 19:30 дақиқа дар ҳудуди марзи Тоҷикистону Қирғизистон — наздики ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар нуктаи фуруши сузишвори таркиш ба амал омад. Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар рӯ ба рӯи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, наздикии деҳаи Жаштик ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷойгир шудааст. Нуқтаи фурӯши сӯзишвори ба шаҳрванди Қирғизистон таалуқ дорад. Дар ҷои ҳодиса 8 адад мошини хадамоти оташнишони ҳозир шуда алангаро хомӯш карданд. Тавре ба СМ- 1 муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров Муҳсин Алиев хабар дод, дар паи ин ҳодиса 13 нафар ба беморхонаи мазкур муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора 1 нафар шаҳрванди Қирғизистон ва боқимонда ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз 13 нафар 5 нафар дар беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ гардида боқимонда баъди ташхис ва расонидани ёрии авалини тиббӣ ба хонаҳояшон фиристода шуданд. Ду нафар аз кормандони хадамоти оташфишони ва як нафар шаҳрванди Қирғизистон дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Вазъи саломатии онҳо миёна арзёбӣ гардид. Субҳи имрӯз пас аз ҳодисаи таркиш дар ҷароҳатбардоштагонро раиси ноҳияи Б.Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон барои хабаргирӣ омаданд. Сабаби таркиш дар нуқтаи сӯзишвори ва дигар аз ҷузъиёти ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомотҳои дахлдор таҳқиқ шуда истодааст. Навори видеоии ҳаваскорӣ аз шабакаи интернетӣ гирифта шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий