Ин имкониятҳои иқтисодиву молиявии занонро рушд медиҳад.
Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Точикистон ва Фонди қарзии хурди ИМОН баҳри баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодиву молиявии занони деҳот барномаҳои кишоварзиро ба роҳ монда то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст. Ташкилотҳои мазкур дар доираи лоиҳаҳои худ занони соҳибкор, ҳунарманд ва кишоварзро дастгирӣ намуда, роҳҳои муосири беҳтар намудани сифати маҳсулот ва фанновариҳои техникиро меомӯзонад.

Поделиться в: