Ин суруди машҳури сароянда Анвар Қосимов ба тахайюлоти эҷодии шодравон Илҳом Ӯрмонов тааллуқ дошта, унвони мавзӯи навбатии Печутоби замон шуд. Илҳом Ӯрмонов кӣ буд? Хизмати ин оҳангсоз дар муаррифӣ ва шинохти аксарияти ситораҳои эстрадаи на танҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ низ калон аст. Санаи 12 апрел зодрӯзи ин бастакори тоҷик буда, имсол ин рӯзро танҳо наздикон ва дӯстонаш ҷашн мегиранд. Зеро як сол мешавад, ки олами санъату мусиқӣ як шоҳсутуни асосии худро аз даст дод. Хотираҳои офтобӣ ва ёди неки Илҳом Ӯрмоновро сарояндагони шинохтаи вилоят дар ток шоуи Печутоби замон ёдоварӣ намуданд.

Поделиться в: