Даҳ моҳи бенатиҷаи ҷустуҷӯи ҷасади ду ҷавон аз Фондарё ва дарёи Зарафшон

Ҷасади ду ҷавон, ки дар Фондарё ва дарёи Зарафшон ғарқ шуда буданд бо гузашти даҳ моҳ ҳанӯз дарёфт нашудааст. Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд ба телевизиони СМ-1 иттилоъ доданд, ки ин ду ҷавони 26-30 сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ғарқ шуда ҳанӯз ҷасади онҳоро аз дарё берун наовардаанд. Бино ба иттилои Анвар Қосимов, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании вилояти Суғд, моҳи майи соли 2017 ҷавони 30 солаи сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фондарёи Айнӣ ва моҳи сентябри ҳамин сол ҷавони 26 солаи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда буданд.

Соли гузаштаи 2017 дар кӯлу дарё ва обанборҳои вилояти Суғд 127 нафар ғарқ шуда, 73 нафари онҳо наҷот ёфта 53 тани дигар ба ҳалокат расидаанд. «Аз шумори ғарқшудагон ҷасади 51 нафар дарфт ва ҷасади 2 тани дигар то имрӯз пайдо нашудааст. Аз 53 нафари дар дарёву кӯл ва обанбор ба ҳалокат расида 17 нафар зан, 19 ноболиғ, 3 нафар бо сабаби худкушӣ, 4 нафар дар ҳолати мастӣ, 12 нафар аз надонистани қоидаи оббозӣ, 16 нафар тасодуфан ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд. 8 нафари дигар дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар минтақаи Айнӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расиданд».

Шумори ғарқшудагон назар ба соли 2016 дар соли гузашта дар вилояти Суғд 18 нафар зиёд шудааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий