Пошхӯрии оилаи ҷавон баъди дарёфти гепатити С

Пошхӯрии оилаи ҷавон баъди дарёфти гепатити С

Як оилаи ҷавон дар вилояти Суғд ҳамагӣ баъди якуним соли зиндагӣ дар пайи гирифтор шудани ҷавонзан ба бемории гепатити С аз ҳам пош хӯрд. Ҷавонзани 20 сола дар сӯҳбат ба СМ-1 гуфт, ки оилаи онҳоро дар маҳал ҳамчун оилаи намунавӣ ном мебурданд. Аммо вируси гепатит анҷоми хушбахтии оилаи ин ҷавон шудааст. Мусоҳиби мо нахост номаш расонаӣ шавад ва аз ин рӯ танҳо қиссаи дучоршавӣ ба гепатити С ва ҳам зиндагияшро нақл кард. «Тирамоҳи соли 2016 аз лабаратория хабар расид, ки ман ба бемории гепатити С дучор шудаам. Ин хабар дар…

Поделиться в:
Подробнее

Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

Суғд: Кӯдаки 4 сола дохили шири ҷӯш афтод

Як кӯдаки 4 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дохили деге, ки дар он шир ҷӯш мезад афтода 70 дарсади ҷисмаш сӯхтааст. Аз ӯ Райҳона ном мебаранд, ки дар беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст ва дар фосилаи 15 рӯз ду бор ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст. Сабоҳат Турсунова модаркалони кӯдак ба СМ-1 гуфт, ки қаблан онҳо ба зинда мондани Райҳона бовар надоштанд. «Ин ҳодиса вақте рух дод, ки модари Райҳона шири ҷӯшидаро аз дег ба сатил мерехт ва мехост кӯдакро аз назди он дур кунад. Аммо кӯдак аз дасти…

Поделиться в:
Подробнее

Дар Суғд гирифторони ВНМО афзудааст

Дар Суғд гирифторони ВНМО афзудааст

Шумори олудагони ВНМО дар шимолии Тоҷикистон давоми 11 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2016-72 нафар афзудааст. Феълан дар вилояти Суғд 270 нафар гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар қайди доимии духтурон ҳастанд. Аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Суғд ба СМ-1 иттило доданд, ки аксари олудагони ин вирус муҳоҷирони меҳнатиянд. Абдукарим Абдуев, директори ин марказ гуфт, ки аз рӯи таҳлилҳои онҳо   давоми се соли ахир аксаран ВНМО асосан тариқи алоқаи ҷинсӣ ба шахси дигар гузаштааст. «Вақте, ки мо сохтори бемориро таҳлил намудем дар соли…

Поделиться в:
Подробнее

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 02.12.2017

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 02.12.2017

Мавзӯъҳои асосӣ: Марде бо ҷурми куштори ду зан 24 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ронандаи фирорӣ баъди марги пиёдагарди ҷавон боздошт гардид. Суғд: Боздошти 173 ронандаи маст дар ду моҳу бист рӯз. БДА: Бинобар боридани барфу борон ва яхбандӣ рӯзҳои назик ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд» душвор мегардад. Прокурор гуфт, масъулини мақомоти давлатӣ талаботҳои Стратегияи миллиро иҷро намекунанд. Собиқ раис бо сохтани аробаи тоҷикӣ ба маъюбон кӯмак мерасонад. Дар Хуҷанду Душанбе як рӯз нақлиёти ҷамъиятӣ бепул хизматрасонӣ кард. Ҳар ҷаҳорумин зан ҷабрдидаи хушунати оилавӣ аст. Беш аз 60 кӯдаки дучори бемории…

Поделиться в:
Подробнее

Усули «кенгуру» талош барои наҷоти кӯдаки норасида

Усули «кенгуру» талош барои наҷоти кӯдаки норасида

Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи вилояти Суғд беш аз 1000 кӯдаки норасида таваллуд шуда 156 нафари онҳо фавтидаанд. Духтурон мегӯянд, ин кӯдакон аз 22 ҳафта то 37 ҳафтаи ҳомиладории занон таваллуд шудаанд. Сабаби афзудани ҳолати валодати пеш аз мӯҳлат ин синну соли дери занҳои зоянда, истеъмоли зиёди доруҳо ва бурриши қайсарӣ гуфта мешавад. Ба кӯдакони пеш аз мӯҳлат ба дунё омада нигоҳубини хосе лозим аст. Барои пешгирӣ намудан аз сироятёбии кӯдаки норасида, гарм нигоҳ доштани ӯ ва ғизодиҳии табиӣ муҳим аст. Духтурон ҳоло усули «кенгуру»-ро ҷорӣ кардаанд. Ин…

Поделиться в:
Подробнее

Суғд: Таваллуди бе оризаи кӯдакон дар рӯзи иҷлосияи таърихӣ

Суғд: Таваллуди бе оризаи кӯдакон дар рӯзи иҷлосияи таърихӣ

Имрӯз, 16-уми ноябр дар таваллудхонаи вилояти Суғд 9 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки 5 нафари онҳо писар ва 4 нафар духтар мебошанд. Модарони навзодон мегӯянд, ки онҳо дар рӯзи таҷлили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанд дарёфтанд ва талоши гузоштани номи вобаста ба ҷашнро доранд. Кӯдакони дар ин рӯзи таърихӣ таваллудшуда ягон ориза надоштаанд ва духтурон вазъи саломатии онҳову модаронашонро хуб арзёбӣ мекунанд. Мавзуна Шарипова, модари як кӯдак гуфт, ки ӯ фарзанди 3-юмини худро бо вазни 4 килову 400 грамм дар ин рӯзи таърихӣ таваллуд кард, ки писар аст.

Поделиться в:
Подробнее