Рубрика: ХАБАР

Эътибору шинохти ҳар як ВАО аз мавқеъи иттилоърасонияш муаррифӣ ва арзёбӣ мешавад. ШТР СМ-1 аз соли 1998 инҷониб шӯъбаи иттилоотияш бо барномаи “ХАБАР” фаъол аст. Ҳар ҳафта ба ҷуз рӯзи якшанбе шӯъбаи иттилоотии телевизиони СМ-1 бинандагони худро аз навиду воқеаҳои шаҳру навоҳии вилоят, махсусан маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бохабар месозад. Дар шуъбаи иттилоотии телевизон мактаби хуби устодиву шогирдӣ ба роҳ монда шудааст ва аллакай давоми ин 22соли фаъолияташ гурӯҳи пурқуввати журналистон тарбия гирифта маҳсули эҷодияшонро бинандагон бесаброна интизорӣ мекашанд. Гузоришҳои шӯъбаи иттилоотӣ бо забони фаҳмо ва содда таҳия шуда, аудиторияи худро пайдо кардааст. Шиори шӯъбаи иттилотии телевизион: “Хабарҳо – аз одамон, дар бораи одамон ва барои одамон” мебошад.

СОЗИШНОМА БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ РУССИЯ ИМЗО РАСИД. МИНБАЪД МУҲОҶИРОН ИМКОНИ ГИРИФТАНИ НАФАҚАРО ДОРАНД

Санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа ба…