«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 03.02.2018

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 03.02.2018

Мавзӯъҳои асосӣ: Пешгирии се амали террористӣ дар Суғд. Кофтукофи расмии беш аз 600 сокини Суғд бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм ва терроризм Маъруф Муҳаммадзода гуфт «Группа ГАЗ»-и Русия ба шаҳри Хуҷанд автобус сохта истодааст. Шамоли бошиддат сатҳи пасти корҳои сохтмонии ба ном устоҳоро фош сохт. Бӯстон: Чаҳор ҳодисаи худкушӣ-ду нафар худро ба дор овехтанд. Нигаронии Зариф Назирӣ аз барвақт издивоҷ кардани ҷавонон Ду соли бе лола, соли 2018 лолаи ҳоландӣ Хуҷандро зеб медиҳад.

Поделиться в:
Подробнее

Саркардаи куштори ду соҳибкори Унҷӣ сокини Хуҷанд будааст

Саркардаи куштори ду соҳибкори Унҷӣ сокини Хуҷанд будааст

Қотилони куштори бераҳмонаи ду соҳибкор дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пурра боздошт шудаанд. Имрӯз, 2-уми феврал Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар ин бора зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ танҳо гуфт, ки «саркардаи ҷиноят сокини шаҳри Хуҷанд мебошад ва ҳамаи ҷинояткорон пурра дастгир шудаанд». Бино ба маълумотҳо бо ҷурми даст доштан дар ин куштор беш аз 5 нафар боздошт шудаанд. Қудратулло Назарзода дар идома афзуд ҳоло тафтишот идома дорад. Аммо генерал-майори милитсия бинобар сири тафтишотӣ қазияи пурраи куштор ва шахсияти омилони ин ҳодисаи бераҳмонаро шарҳ…

Поделиться в:
Подробнее

Прокурор: «Ҳар як ваҷаб замин ба арзиши мумкин тилло бошад»

Прокурор: «Ҳар як ваҷаб замин ба арзиши мумкин тилло бошад»

Прокуратураи вилояти Суғд дар пайи санҷишҳои як соли ахир дақиқ сохтааст, ки гоҳо дар ин вилоят одитарин қоидаи шаҳрсозӣ риоя намешавад. Ҳабибулло Воҳидов, зимни нишасти хабарӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки то ҳатто ҷой барои нигоҳ доштани автомашинаҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон, ҷойи нишаст барои калонсолон, гулкориву дарахтшинонӣ дар назди баъзе биноҳо ба чашм намерасад. Ин маънии онро дорад, ки қоидаи шаҳрсозӣ, нақшаи генералии шаҳрсозӣ риоя намешавад гуфт, Ҳабибулло Воҳидов. Бино ба иттилои ӯ мақомоти прокуратура давоми як соли гузашта  тибқи қонунгузории шаҳрсозӣ, замин ва меъморӣ 779 нафарро ба…

Поделиться в:
Подробнее

Ду садамаи пурқурбонии рӯзҳои 25-28 январ дар Суғд

Ду садамаи пурқурбонии рӯзҳои 25-28 январ дар Суғд

Дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент» ва кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд ду нафар ҷон бохта 4 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин ҳодиса рӯзҳои 25-28-уми январи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуд. Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд сабаби садамаҳои марговарро «таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракати роҳ» ва «баланд намудани суръати ҳаракат» номид. Соати 18:30 дақиқаи санаи 25-уми январи соли 2018 ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум дар километри 78-уми роҳи «Айнӣ-Панҷакент» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдурасул Қурбонов, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намуда, аз ҷои ҳодиса…

Поделиться в:
Подробнее

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 27.01.2018

«Хабар+» барномаи иттилоотӣ-таҳлилӣ санаи 27.01.2018

Мавзӯъҳои асосӣ: • Пешниҳоди 10 000 ҷойи кор ба бекорони Суғд • Пурсиш: «Диплом ҳаст ҷойи корӣ нест!» • Гранти ҳунармандони Хуҷанд то ба 120 ҳазор сомонӣ зиёд шуд. • «Инсинератор» партови сахти маишӣ ва сагҳои қиршуда дар Хуҷандро месӯзонад. • Биҳии ҷопонӣ, сирени ҳиндӣ. Пешниҳоди шинонидани 11 намуди дарахт ба қади кӯчаҳои Хуҷанд. • Ба ҷойи гимназияи садамавӣ гимназияи сеошёна бунёд мекунанд. • Занони тоҷику қирғиз барои пешгири аз низъ дар марз бархостанд.

Поделиться в:
Подробнее

Қазияи ҳанӯз норӯшани «нитрати натрий» дар Хуҷанд

Қазияи ҳанӯз норӯшани «нитрати натрий» дар Хуҷанд

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд, гуфт ҳанӯз ҳам аз куҷо пайдо шудани маводи кимёвии «нитрати натрий»-ро дақиқ насохтаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30-уми декабри соли 2017 аз истеъмоли оши палав, ки дохилаш «нитрати натрий» ҳамроҳ шудааст 12 нафар сокинони Хуҷанд заҳролуд шуда, аз онҳо 4 нафарашон ҷон бохтанд.  Ҳабибулло Воҳидов рӯзи 26-уми январ  зимни нишасти хабарияш гуфт, ҳанӯз ҳам санҷиш дар ин самт идома дорад. Оиди ҳодисаи заҳролудшавии сокинони маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд аз истеъмоли «нитрати натрий» прокуратураи  шаҳр бо моддаи 108 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ…

Поделиться в:
Подробнее