Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 25.11.2017
Нашрияи «Сухани халқ» дар шумораи навбатии худ сафари кории Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ…
Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ»
Вақтҳои охир бисёре аз равшанфикрон нигаронӣ мекунанд, ки ҷомеаи мо каммутолиа гаштааст. Ин ҳолат сабабҳои гуногун дорад ва асоситарини он мавқеи мустаҳкам пайдо кардани расонаҳои электронӣ арзёбӣ мешавад. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маълумоти фаровонро ба ихтиёри истифодабарандагонаш гузоштааст, метавонӣ дилхоҳ маълумотро ба осонӣ аз ин шабакаҳо бигирӣ ва дар шароити хеле қулай онро мутолиа намоӣ, – мегӯянд, баъзе аз мардум. Аммо, олимон исбот карданд, ҳеҷ воситае натавонистааст ва наметавонад, ҷои китобро гирад, балки чунин андешаҳо баҳонаест, барои онҳое, ки побанди шабакаҳои иҷтимоӣ гаштаву аз китоб дурӣ меҷӯянд.
Маҳз бо ҳамин иллат дар ҷомеаи мо хонандагони маҷаллаву рӯзномаҳо низ коҳиш ёфтааст. Ҳол он, ки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ки илму фанновариашон ба суръати кайҳонӣ расидааст, мардумонаш ниёз ба газета доранд. Мардумро дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто нақлиёти ҷамъиятӣ машғули мутолиаи китоб ё рӯзномае дучор мешавӣ. Магар онҳо мисли мо аз интернети босуръат ва дигар фанновариҳои замон баҳравар нестанд? Ҳаргиз чунин хулоса баровардан дуруст нест. Балки ин ҳолат онро хулоса мекунад, ки ҷомеаи мо (аксаран) анъанаи китобу маҷалла ва рӯзномахониро фаромӯш кардааст. Ва аз ин ҷост, ки ин анъана ба тарғибу ташвиқ ниёз дорад. Бо ҳамин назардошт, ҳанӯз солҳои авали фаъолияташ ШТР СМ-1 барномаи «Ташреҳ»шарҳи матбуоти давриро дар барномаи «Ташреҳ»-ро рӯи кор овард. Дар он ҳафтае матбуоти даврии кишвар шарҳу тавзеҳ меёбанд. Солҳои аввал ин барномаро журналист Илҳом Њошимов таҳия мекард. Аз соли 2008 бошад, масъулияти омодасозии «Ташреҳ» ба зиммаи журналист Бобоҷон Қурбонов вогузор шуд. Барнома ҳар ҳафта мунтазам бо хулосаи фишурдаи нигоштаҳои матбуоти даврӣ манзури бинандагони телевизион мегашт. Бинобар масъули барномаи дигар гаштани муаллиф аз соли 2011 ин сӯ «Ташреҳ» муддате пешкаши бинандагон нагардид. Хушбахтона, соли 2017 бо иқдоми роҳбарияти ШТР СМ-1 ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барнома бо нигоҳи нав дубора эҳё гардид. Муаллиф ва барандаи барнома Бобоҷон Қурбонов аст, ки дар як вақт сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» мебошад.
Яке аз хусусиятҳои барнома, ки иттилоотӣ ва ҳам таҳлилист, дар услуби таҳияи он мебошад. Дар он навиштаҳои матбуот ба таври мавзӯӣ шарҳ ёфта, дар саҳифаҳои ҷудогона баррасӣ меёбанд. Инчунин, барои хулоса ва ҷамъбасти њар мавзӯъ аз андешаи коршиносони варзида истифода бурда мешавад.
«Ташреҳ» бо фарогирии муҳимтарин навиштаҳои нашрияҳои кишвар ҳар ҳафта рӯзи якшанбе ва такроран субҳи рӯзи душанбе манзури ҳаводоронаш мегардад.
Нашрияи «Сухани халқ» дар шумораи навбатии худ сафари кории Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ…
Ҳафтаи ҷорӣ сокинони кишвар яке аз ҷашнҳои бузург – 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил мекунанд. Ин ҳафта…
ДИИШ суқут мекунад. Аммо ин мазмуни онро надорад, ки дигар ин гурўҳ ба амнияти ҷаҳон хатар эҷод намекунад. Мубориза бо…
Матбуоти даврӣ дар арафаи 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як зумра иштирокчиёни ин рӯйдоди таърихӣ мусоҳиба…
Шумораи навбатии матбуоти даврӣ аз матолиби гуногунмавзӯи хонданиву ҷолиб фароҳам омадаанд. Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода амалишавии қонуни танзими…
Овоза ва мо. Чунин ба назар мерасад, ки нисбат ба овозаҳою ҳангомаҳо хеле ҳассосем ва зуд бовар мекунем. Ин иллат…
• Нотавонбинӣ ва зуҳури фиребу фиребгарӣ дар ҷомеа аз мавзӯъҳои хондании шумораи навбатии «Сухани халқ» аст. • Ҳафтаи фарҳангии ВМК…