Рубрика: Симои ошно

Баъди чанд соли танаффус Симои ошно аз нав бо тамошобин пайваст гардид. Ҳар як барнома аз зиндагиномаи чеҳрае ки ба ҷамъият шинос аст, нақл мекунад. Кушодани шахсияти қаҳрамони барномаи Симои ошно барои бинанда роҳнамо ё ҳатто идеали зиндагиаш шуданаш мумкин. Шахсиятҳои барҷаста, арбобони сиёсию ҷамъиятӣ, кормандони хизматнишондода, шаҳрвандони фахрии ш.Хуҷанд, олимону шоирон, санъаткорону эҷодкорон, омӯзгорону табибон, фаъолон ва умуман инсонҳое ки бо кору пайкорашон дар пешрафти соҳаҳои гунногуни хоҷагии халқ ҳиссагузор шудаанд, меҳмони барнома мегарданд.