Рубрика: Шамиме аз Мӯлиён

Барномаи адабӣ-фарҳангии «Шамиме аз Мӯлиён»
дар қироати устоди суханшинос Саидмурод Ҳоҷиев
нигоҳест ба дарёи шеъру сухани волои шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона аст, ки
завқи бинандаро ба олами шеъру шоирӣ ва шунидани каломи ҷонбахш
бедор месозад. Устод Саидмурод Ҳоҷиев бо нерӯи бузурги сухандониву суханшиносӣ ва
ҳофизаи аз нав ҷавонашон зиёда аз 4000(!) мисраъ шеъри Фарзонаро ба ёдашон гирифтаанд.
Ин камолоти маънавиро ба устоди азизамон муборак мегуем ва силсилабарномаҳоро бо қироати
ашъори шоира аз ҷониби устод Саидмурод Ҳоҷиев манзур месозем.
Ҳар як барнома доири як мавзуест, ки устод ба он омодагӣ дида, истифодаи маънӣ, ибора, ё калимаҳоро
дар ашъори Фарзона маънидод мекунанд.
Барнома барои ихлосмандони шеъри ноби тоҷикӣ ва маъниҳои баланд басо муфид хоҳад буд.