Рубрика: Печутоби замон

Лоиҳаи нав бо номи «Печутоби замон» дар симои мустақили якум. Ин ток — шоу идомаи мантиқии Офтоби меҳрубонӣ буда, бо баъзе элемент ва тарзи пешниҳоду сохташ фарқкунанда аст. Аслан ток — шоу ин гап задан, сухан гуфтан бошад, пас моҳияти барнома ҳам чунин мемонад. Дар баробари ин, баёни андешаҳо аз диди нав таҳлил мешаванд.
Мавзӯъҳое, ки барои баҳсу баррасӣ пешниҳод мешаванд, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар бар мегиранд: ичтимоиёт, иқтисодиёт, муаммоҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳу нақлиёт, алоқа ва дигар муаммоҳое, ки дар ҷомеа ба миён меояд.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънии калимаи печутоб ва замон, чунин баён шудааст: печ, печу тоб, хамгашт, шиканч, ҳалқа, печутоб – чизеро тоб додан, тоб хӯрдан, хам гаштан,
Замон – вақт, ҳангом, айём, давр, аҳд. олам, дунё, ҷаҳон. Зиндагии имрӯзаи мо низ ҳамвора ва бо як ранг ҷараён гирифтанаш ғайриимкон аст. Пастиву баландӣ, нишебиву хамгашт ва печутоби худро дорад. Яъне на ҳамеша ҳаёти мо намунавӣ ва таърифист. Мушкилоту муаммоҳое пешорӯи мо меистанд, ки гоҳо барои ҳалли он роҳ мекобем. Проблемаҳо худ аз худ пайдо намешаванд. Ҳамеша сарчашма ё сабабҳои сар задани худро доранд. Дар ток шоуи Печутоби замон проблемаҳои ҳалталаби ҷомеа ба муҳоқима гузошта шуда, роҳҳои бартарафкунии он аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод мешавад. Дар барномаҳои минбаъда бошад, ҳатман аз муваффақияти барномаҳои гузашта ёдрас шудан мумкин. Мақсади ток-шоу дар ҳамдастӣ бо мардум, ҷомеаи пешрафтаро бунёд кардан аст.