Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 25.11.2017

Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 25.11.2017

Нашрияи «Сухани халқ» дар шумораи навбатии худ сафари кории Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғдро муфассал инъикос намудааст. Нашрияи «Ҳақиқати Суғд» дигар аз чорабинии муҳим – таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои худ муфассал инъикос кардааст. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар шумораи 46-уми худ тањти сарлавҳаи «Дарвозаи бесоҳиб» нигаронӣ мекунад, ки дар баъзе мавзеъҳо шишаҳои қатораро кӯдакону наврасон сангборон мекунанд. Нашрияи «Фараж» бошад, аз нафақа баҳс карда, такя ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар менависад: «Танҳо бо такя ба маблағҳои…

Поделиться в:
Подробнее

Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 12.11.2017

Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ», 12.11.2017

Ҳафтаи ҷорӣ сокинони кишвар яке аз ҷашнҳои бузург – 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил мекунанд. Ин ҳафта рўзномаҳо аз ин рўйдоди таърихӣ ёдоварӣ карда, аҳамият ва нақши онро таҳлилу баррасӣ намуданд. Муаллифони мақолаҳо ва мусоҳибони онҳо Иҷлосияи мазкурро рўйдоди таърихӣ ва тақдирсоз унвон карданд. Ба андешаи коршиносон ва таҳлилгарон нақши Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ муҳим аст. Таъкид мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи истиқлолият ва сулҳу субот мебошад. Ва яке…

Поделиться в:
Подробнее

Барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Ташреҳ», 05.11.2017

Барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Ташреҳ», 05.11.2017

ДИИШ суқут мекунад. Аммо ин мазмуни онро надорад, ки дигар ин гурўҳ ба амнияти ҷаҳон хатар эҷод намекунад. Мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар чопи навбатии матбуот аст. Ҳамчунин, ин ҳафта рӯзномаҳо оиди муносибатҳои оилавӣ ва мушкилоти он матолибизиёде ба дасти чоп доданд. Яке аз хабарҳои нигаронкунандаи ҳафта даргузашти адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шариф мебошад. Фаъолияти илмиву эҷодии ин олими сермаҳсул дар саҳифаҳои матбуот таҳлилу баррасӣ гаштаанд.

Поделиться в:
Подробнее

БАРНОМАИ ИТТИЛООТИВУ ТАҲЛИЛИИ «ТАШРЕҲ» 15.10.2017

БАРНОМАИ ИТТИЛООТИВУ ТАҲЛИЛИИ «ТАШРЕҲ» 15.10.2017

Матбуоти даврӣ дар арафаи 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як зумра иштирокчиёни ин рӯйдоди таърихӣ мусоҳиба карда, ба паҳлӯҳои гуногуни Иҷлосия равшанӣ андохтааст. Рӯ ба гармӣ овардани муносибату равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон низ яке аз мавзӯъҳои муҳим дар шумораи навбатӣ мебошад. Ҳамчунин, рӯзномаҳо доири мавзӯъҳои муҳими соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, муҳоҷирати меҳнатӣ матолиби зиёде ба дасти чоп додаанд.

Поделиться в:
Подробнее

БАРНОМАИ ИТТИЛООТИВУ ТАҲЛИЛИИ «ТАШРЕҲ» 08.10.2017

БАРНОМАИ ИТТИЛООТИВУ ТАҲЛИЛИИ «ТАШРЕҲ» 08.10.2017

Шумораи навбатии матбуоти даврӣ аз матолиби гуногунмавзӯи хонданиву ҷолиб фароҳам омадаанд. Муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода амалишавии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро инқилоби маънавию фарҳангӣ унвон кард. Ин матлабро «Минбари халк» дар шумораи навбатии худ чоп кардааст. Нашрияи «Сухани халқ» бошад, ба баррасии мавзӯи маҳалгароӣ пардохта, афзоиши ин зуҳуротро натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ арзёбӣ кардааст. Инчунин, ин нашрия аз тақдири Хайринисо ном ҷавонзани 23-солаи ноком ва оқибати рашки мард нисбати зан, ки ба ҳодисаи куштор оварда расонидааст, матолиб дарҷ кардааст. «Тоҷикистон» бо таассуф ҳодисаи қатли…

Поделиться в:
Подробнее

Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ» 01.10.2017

Барномаи иттилоотиву таҳлилии «Ташреҳ» 01.10.2017

Овоза ва мо. Чунин ба назар мерасад, ки нисбат ба овозаҳою ҳангомаҳо хеле ҳассосем ва зуд бовар мекунем. Ин иллат аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Бегонапарастӣ бошад, аз зуҳуротест, ки пайваста доман мезанад. Ҳар чизи навро ба зуддӣ қабул мекунем: аз тӯю маъракаҳоямон саркарда, то либоспeшӣ, рафтору кирдор ба хориҷиён тақлид мекунем. Ин роҳ моро то куҷо мебарад? Баъди ҳалокати Гулмурод Ҳалимов шахсият ва амалҳои хоинонаи ин нафар дигарбора мавриди таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон қарор гирифт: «Чаро дастпарвари Амрико «вазир»-и ҷанги давлати исломӣ шуд?» Ҷанги шаҳрвандӣ: ТЭТ ҲНИТ бо шиорҳои эронӣ вазъро ноором…

Поделиться в:
Подробнее