Фарзонаи Хуҷандӣ дар меҳонии барномаи «Шамиме аз Мӯлиён»

Фарзонаи Хуҷандӣ дар меҳонии барномаи  «Шамиме аз Мӯлиён»

Барнома бахшида ба ҷашни модарон. Ҳарири ҷон ба роҳат густарам фармоӣ модарҷон, Б-адон ҳастии зебо ҳастиям ороӣ модарҷон. Нарав сармард бимону офтобона ба рӯи мо, Дари фардову фардои дигар бикшоӣ модарҷон.

Поделиться в:
Подробнее

Эзоҳи шеъри Фарзона бо номи « Лолаи ЛОЛ»

Эзоҳи шеъри  Фарзона бо номи « Лолаи ЛОЛ»

Бо шарҳу эзоҳи шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ. Эй дил, эй дил бетаманноӣ макун, Гул ба гул зан барнпартоӣ макун. Мард шав яклахт шав садлахти ман. Одамӣ кун боз ҳаввоӣ макун.

Поделиться в:
Подробнее

Ҷойгоҳи ишқи ирфонӣ дар эҷодиёти Фарзона

Ҷойгоҳи ишқи ирфонӣ дар эҷодиёти Фарзона

Бо шарҳу эзоҳи устоди суханшинос Нурали Нурзод. Дӯст аз будани бемаърифатам хеҷ мапурс, Эй сафар карда қабат бар қабатам ҳеҷ мапурс. Он чи аз халқ ниҳон аст, зи Ҳак пинхон нест. То туи оинаи шашҷихатам ҳеч мапурс.

Поделиться в:
Подробнее

Корбурди вожаи «Ишқ» дар шеъри Фарзона

Корбурди вожаи «Ишқ» дар шеъри Фарзона

Ин вожае, ки моро бо нардбон ба олами дигар мебарад. Он ба қавли Хаёми бузург «хуршеди сипеҳри безаволӣ» аст. Он калима «ИШҚ» аст, ки муносибати Фарзона ба он бениҳоят мӯшикофона аст. Шоира бо шеърҳояш ба умқи ин маънӣ сар андохтааст. Ба хонандаи худ мегӯяд: «Ишқ нардбонест, ки ба бурҷи мунири мӯъҷизаҳо хоҳад бурд…» Инак танҳо бимонед бо барномаи нави «Шамиме аз Мӯлиён» дар ШТР СМ-1!

Поделиться в:
Подробнее

Корбурди калимаи «модар» дар шеъри Фарзона

Корбурди калимаи «модар» дар шеъри Фарзона

Барномаи дуюми «Шамиме аз Мӯлиён», ки баҳраҳои тоза аз ашъори шоираи ширинкалом Фарзона аст, ин навбат сари вожаи «модар» андешаронӣ мекунад. Устод Саидмурод Ҳоҷиев дар ин барнома корбасти калимаи «модар»-ро дар ашъори шоира Фарзона таҳлил ва баррасӣ кардаанд. Вожаи «модар» худ бузург аст, аммо маъно ва зарфияти он дар шеъри ноби Фарзона бештар мунъакис шудааст.

Поделиться в:
Подробнее

Истифодаи калимаи «Аллоҳ» дар шеъри Фарзона

Истифодаи калимаи «Аллоҳ» дар шеъри Фарзона

Барномаи адабӣ-фарҳангии «Шамиме аз Мӯлиён» дар қироати устоди суханшинос Саидмурод Ҳоҷиев нигоҳест ба дарёи шеъру сухани волои шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона аст, ки завқи бинандаро ба олами шеъру шоирӣ ва шунидани каломи ҷонбахш бедор месозад. Устод Саидмурод Ҳоҷиев бо нерӯи бузурги сухандониву суханшиносӣ ва ҳофизаи аз нав ҷавонашон зиёда аз 4000(!) мисраъ шеъри Фарзонаро ба ёдашон гирифтаанд. Ин камолоти маънавиро ба устоди азизамон муборак мегуем ва силсилабарномаҳоро бо қироати ашъори шоира аз ҷониби устод Саидмурод Ҳоҷиев манзур месозем.

Поделиться в:
Подробнее