Ушу ва мусоидати он ба ташаккули одам

Ушу ва мусоидати он ба ташаккули одам

Печутоби замон аз муваффақият ва мушкилоти варзиши намуди ушу ёдовар шуд. Ушучиёни вилояти Суғд соли гузаштаро бо дастовардҳои назаррас ҷамбаст намуданд. 42 медал аз ду мусобиқаи байналмиллалӣ. Қабул ва табрикоти раиси в. Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ушучиёни наврас қувваи тоза бахшид. Акнун онҳо ба мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баромадани. Бино ба гуфтаи сармураббӣ оид ба ушу Мирзодалер Хуршедзода онҳо кӯшиш менамоянд, то ушу ба намуди бозиҳои олимпӣ дохил шавад.

Поделиться в:
Подробнее

Меҳнат сайқали ҳунар аст

Меҳнат сайқали ҳунар аст

Ҳунармандони ҷавон дар студияи Печутоби замон сарҷамъ шуда, аз муваффақият ва мушкилоти худ ёдрас шуданд. Онҳо хуб дарк менамоянд, ки дар натиҷаи меҳнати пайваста, ҳунарашон рушду такомул меёбад. Танҳо омӯзиши ҳунарҳои қадимаи миллӣ пуртоқатӣ ва босабру таҳаммулиро мехоҳад. Ҳамон вақт ҷавонон ҳунарҳои аҷдодиро пурра аз худ намуда, вазифаи меросбариро адо мекунанд, агар бо меҳр ва босаброна онро ёд гиранд. Албатта мактаби устодиву шогирди ин ҷо нақши муҳим дорад. Он вақт ҳоҷат ба дарёфти ҷои кории берун аз ватан намемонад. Зеро аз паи ҳунар нони худро дар ватан ёфтан мумкин аст….

Поделиться в:
Подробнее

Қоидаи китобхонӣ

Қоидаи китобхонӣ

Муаммои асосии барнома аз китобхонӣ дур шудани аксарияти ҷавонон буд. Аммо дар рафти барнома якчанд ҷавонони донишманду зирак бо китобхониву босаводии худ, дигар иштирокчиёнро қоил карданд. Ин ба туфайли донистани қоидаи китобхонӣ буда, онро бо зудхонӣ тавъам шумориданд. Зудхонӣ бошад, дар навбати худ қоидаву техникаи махсус доштааст. Ҳамин тавр ин гурӯҳи ҷавонон ба воситаи зудхонӣ ҳамзамон қувваи хотира, биноӣ шунавоӣ, ҳиссиёти худро низ мустаҳкам карда истодаанд. Ба хотир гирифтани парчами давлатҳо бо пойтахташ, рақаму калимаҳои душвор аз ҷумлаи маҳорати иштирокчиёни фаъоли ток шоуи Печутоби замон буда, онро дар вақти сабти…

Поделиться в:
Подробнее

Муносибати босалоҳият дар таълим

Муносибати босалоҳият дар таълим

Ин низоми нави таълимро, ки чанд соли охир дар соҳаи маориф пиёда мегардад, Печутоби замон ба риштаи баҳсу таҳлил кашид. Устодони донишкадаи тахмили ихтисос дар в. Суғд, муносибати босалоҳиятро мутобиқшавӣ ба шароиту талаботи замони имрӯз ва меъёру талаботҳои байналхалқӣ ҳисобиданд. Дар синф ҳамкории талаба ва омӯзгор дар асоси боварӣ ба роҳ монда шудааст ва онҳо аз рӯи салоҳияти худ кор мекунад.Оё омӯзгор ва толибилм моҳияти салоҳиятнокиро пурра дарк мекунанд? Ин навоварӣ то кадом андоза нитиҷа дода истодааст? Ҳуқуқшинос Самад Болтуев ба ин масъала баҳои воқеӣ доданд.

Поделиться в:
Подробнее

Раҳнамои нурбахши даврони мо

Раҳнамои нурбахши даврони мо

Санаи 16-уми ноябр дар ҳаёти кишвар воқеаи таърихӣ ба амал меояд. Чархаи аввали НБО Роғун ба кор медарояд. Ин нерӯгоҳе, ки аз ҳанӯз аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ба бунёди он замина гузоштанду баъд чил сол дар орзуи сохтмонаш будем. Имрӯз орзуву ормони миллати тоҷик амалӣ мегардад. Фаъолони шаҳр, ҷавонон дар студияи ток шоуи Печутоби замон ҷамъ шуда, вобаста ба ин санаи таърихӣ мавқеи худро баён намуданд. Раҳнамои нурбахши даврони мо. Бо ҳамин унвон барномаи навбатӣ сабт шуд.

Поделиться в:
Подробнее