Таҳсилоти фосилавӣ ва интизориҳои мо

Таҳсилоти фосилавӣ ва интизориҳои мо

Ин мавзӯъ дар ток шоуи Печутоби замон матраҳ шуд. Барои донишгоҳҳо ин низоми нав аст. Ҷои шӯъбаи ғоибонаро, фосилавӣ гирифта истодааст. Имрӯз моҳияти хониши фосилавиро на ҳама дарк мекунанд. Дар барнома омодагӣ, мушкилот, базаи моддиву техникӣ, фаҳмиши устодону донишчӯён, нисбати гузариш ба системаи фосилавӣ муайян карда шуд. Пешниҳодҳое, ки барои равнақ додани таҳсилоти фосилавӣ ба миён омад, айни муддао буд. Яке аз чунин таклифҳо ин баланд ва арзон кардани нарх ва суръати интернет аст.

Поделиться в:
Подробнее

Дирӯзу имрӯзи Наврӯзи мо

Дирӯзу имрӯзи Наврӯзи мо

Печутоби замон ба гузаштаву имрӯзи Наврӯзи ҷаҳони назаре кард. Аз таърихи наврӯз то марҳилаҳое, ки он аз сар гузаронидааст, дар барнома матраҳ гардид. Журналист Абдулмаҷиди Бобоҷониён ва устоди ДДХ Даврон Темуров аз сензураи замони шӯравӣ ёдрас шуданд. Номзади илми таърих, дотсент Муҳиддин Файзуллоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов ва номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов саҳифаҳои нави ҷашни Наврӯзро кушоданд. Барнома хеле пурмӯҳтаво тамошо кунед!

Поделиться в:
Подробнее

Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ

Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ

Ин мавзӯъ дар ток шоуи Печутоби замон муҳокима шуд. Расо як сол қабл мавзӯи ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва афзалиятҳои он дар барнома муҳокима гардида буд. Баъди як соли инъикоси ин мавзӯъ дар ток шоу чӣ хел дигаргуниҳо ба амал омад? Мавзӯъ дубора таҳлил карда шуд. Маълум гардид, ки дар ин давра ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пардохтӣ ба 4,7 фоиз рост омадааст. Ин кам ё зиёд? Дар барнома муаммоҳои ин масъаларо иқтисоддонҳо равшан намуданд. Дар навбати худ намояндагони бонкҳо ва мақомоти андоз пешниҳодҳоро бо асос мукаммал карданд.

Поделиться в:
Подробнее

Тарбияи наслҳо

Тарбияи наслҳо

14 нафар бонувони барӯманди Хуҷандшаҳр дар барномаи Печутоби замон иштирок намуда, аз ҳаёту рӯзгори дирӯзу имрӯзашон ёдоварӣ карданд. Аз ҳама аҷобаташ дар он аст, ки ин модарони меҳрубону тарбиятгар соҳиби на кам аз ду духтар буда, ба ҷамъият занҳои пешвою арзандаро тарбия намуданд. Барнома идона аст ва пур аз ҳадяҳои ногаҳонист. Тамошо кунед!

Поделиться в:
Подробнее

Ба ҳаёти солим бо кадом тарз нигоҳ кунем?

Ба ҳаёти солим бо кадом тарз нигоҳ кунем?

То таҳияи ин мавзӯъ бо ҷавонон дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардем. Бисёриҳо зери мафҳуми тарзи ҳаёти солим бемор нашудан ва сигору нос начокидану машруботи спиртӣ истеъмол накарданро мефаҳманд. Лекин дар ин барнома паҳлӯҳои дигари ҳаёти солим аз ҷониби мутахассисон шарҳ дода шуд. Якчанд пешниҳодҳои саривақтӣ ба унвонии масъулон баён шуд. Аз ҷумла масъалаи об ва ҳавои тоза низ бардошта шуд, ки ҳалли ин муаммо дар навбати худ боз як муаммои дигар аст. Печутоби замонро тамошо кунед!

Поделиться в:
Подробнее

Қоидаи дасти сабз

Қоидаи дасти сабз

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бо табиат бештар дӯстӣ кунем. Ақалан шинонидани ниҳолу сабз кардани он, гулпарвариву нигоҳубини вай ба одам қуввату саломатӣ мебахшад. Лекин барои аксарият қоидаҳои ниҳолшинониву гулпарварӣ ношинос аст. Ин аст, ки дар урфият одамони дарахти зиёд парвариш намуда, гулҳои зебо шинонидаро дасташ сабз мегӯянд. Равишу парвариш, қоидаву меъёрҳои дасти сабз доштан дар барномаи навбатии Печутоби замон фаҳмонида дода шуд. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки вакти овардани тухмиву кӯчати гулу бутта ва дарахтони ба иқлими мо бегона бояд эҳтиёт шуд, чунки ин ҳам яке аз воситаи паҳншавии баъзе намуди…

Поделиться в:
Подробнее