Рубрика: Мусоҳиба
Мусоҳиба- барномаи пешинаи телевизиони СМ-1 аст, вале бо тарҳи нав пешниҳоди бинандагон мегардад. Ин гуфтугӯи мустақим бо бинанда аст. Мавзӯҳое , ки дар барнома матраҳ мегарданд, гуногунанд. Меҳмонони барнома одамони касбу кори гуногунанд. Лекин бештар масъулоне, мебошанд, ки мардум наметавонанд ҳамеша ба ҳуҷраи кории онҳо рафта онҳоро ёфта бошанд. Ба маънии дигар ин барнома купруке аст, ки робитаи мардумро бо шахсони масъуле ки барои ҳалли мушкилоти онҳо масъулият доранд, ба ҳам меорад. Аз чанд барномаи пешин ба хулосае омадан мумкин аст, ки бинанда ба робитаи мустақим таваҷҷӯҳ дорад. Савол медиҳад ва мехоҳад, ки ба мушкилоташ расидагӣ дошта бошанд. Гузашта аз ин барномаи мустақим имконият медиҳад, ки эффекти зинда будани сӯҳбатро таъмин созад. Он тарафи экран бинанда ва дар студия бо журналист меҳмони барнома майдони иттилоотӣ месозанд. Мардум имконият пайдо мекунанд, ки маълумот гиранд, роҳи ҳалли мушкилоташонро пурсанд, аз ҳама муҳимаш озодона фикрашонро баён кунанд. Барнома моҳе ду маротиба баргузор мегардад ва дар эфир ҳудуди 45-50 дақиқа фурсат дорад. Суолҳое, ки бинобар камбудии вақт ба он имкони посух додан нашуд, бинандаи ҳушманди мо посухи онро аз сомонаи расмии телевизион дарёфт карда метавонанд. Инак барномаи мустақими «Мусоҳиба» ба мулоҳизоти Шумо пешниҳод мешавад ва моро пайгирӣ кунед!
Мусоҳибаи муҳим
Барномаи мустақими «Мусоҳиба» 14.02.2017. Мавзуъи сухбат «Номгузори» буд.
Ба унвонии барномаи мустақими «Мусоҳиба», ки шоми 14-уми феврал бо иштироки Муқаддам Ҳошимзода — сардори Раёсати шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд бобати номгузорӣ бахшида шуда буд, саволҳои зиёде боқӣ монда буд, ки мо натавонистем дар фосилаи 45 дақиқа посух гуем. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки ба суолҳое, ки тариқи паёмак ба унвонии барнома ирсол шуданд, посухи хаттӣ диҳем. Ду рақами охирини телефон соҳиби савол аст ва посух ба он саволҳо аз ҷониби Валиҷонзода Илҳом — сармутахассиси РАҲШ вилояти Суғд баён шудааст. Саволҳо аз ҷониби Чинигул Олимова — коромӯзи…
Подробнее