Оилаи ҳунарманд

Оилаи ҳунарманд

Ҳунар сармояи гаронбаҳоест, ки онро бо ягон дорои, сарват , симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шахомат бахшида уро болидарух мегардонад ва зиндагиро зебои мебахшад. Мо имруз дар бораи як оилаи ҳунарманд барнома омода намудем, ки дар хакикат бо хунари худ зиндаги пеш мебаранд ва аз он меболанду мефахранд. Зану шавҳар бо ҳунари колинбофи ба зиндагиашон хушбахти бахшидаанд, ки инро мо дар чехраи онхо мушохида кардем. Биёед бо ҳунари колинбофи ва аз саргузашти ин оилаи мехнаткарин маълумот пайдо мекунем.

Поделиться в:
Подробнее

Ҳуҷраи алоҳида барои кӯдак

Ҳуҷраи алоҳида  барои кӯдак

Ин аст мавзӯе, ки мо имруз бароятон манзур месозем. Ҳар як шахс дар зиндагӣ мехоҳад мустақил бошад, масъулиятро ба дӯш гирад. Мутахассисон мегӯянд, ки ин хислатро аз хурди ба кӯдакон бояд омӯзонид. Аз ин ҷо суоле ба миён омаданаш мумкин: барои ин кадом корҳоро ба анҷом расонем? Ва аз синни чандсолагӣ ба фарзандонамон шароит фароҳам орем? Умуман ҳуҷраи кӯдак чи гуна бояд бошад? Чавоби ин суолҳоро баъд аз тамошои барнома пайдо мекунед.

Поделиться в:
Подробнее

Кадом бозичаҳоро ба кӯдакамон интихоб кунем?

Кадом бозичаҳоро ба кӯдакамон интихоб кунем?

Мо волидон вақте ба мағоза ва ё ба бозор меравем чашмонамон ҳамоно ба либосу лавозимотҳои бачагона ва бахусус ҳар гуна бозичаҳо мефарояд ва бетоқатона барои харидории онҳо мешитобем. Оё мо дар интихоби бозичаҳо ба хатогӣ роҳ намедиҳем? Ва то кадом андоза тарзи дурусти истифодаи онҳоро медонем? Ба ин суолҳо дар барномаи «Модари ман бехтарин» мутахассисон ҷавоб гуфтанд.

Поделиться в:
Подробнее

Фоида ва зарари яхмос

Фоида ва зарари яхмос

Яхмос хӯрдании дилкаш аст. Аммо истеъмоли он қоидаҳои худро доштааст. Ба кадом беморон истеъмоли яхмос мумкин нест ва ба шахсони солимро истеъмоли зиёди он ба кадом ҳолат оварда мерасонад? Ҷавоби ин суолҳоро дар барномаи «Модари ман беҳтарин» тамошо намоед.

Поделиться в:
Подробнее

Исдеъдоди зан беинтиҳост, пайдоиши он вақту соат надорад…

Исдеъдоди зан беинтиҳост, пайдоиши он вақту соат надорад…

Қаҳрамони барномаи навбатии «Модари ман беҳтарин» Марҳабо Шокирова новобаста аз беморӣ шеър эъҷод мекунад. Ҳарчанд ин истеъдод дар зан дер бедор шуд, аммо зиндагии ӯро рангин сохт. Дар як озмуне, ки дар шахри Душанбе баргузор шуда буд, ӯ ҷои намоёнро ишғол намуд. Баъд аз қисса аз ҳаёти ин зан ба хулосае омадем, ки омӯхтану эҷод кардан синну сол надорад. Танҳо хоҳишу кӯшиш метавонад инсонро ба қуллаҳои баланди мурод бирасонад. Агар аз асрори муваффақияти ин зани эъҷодкор донистан мехоҳед барномаро ин ҷо тамошо намоед.

Поделиться в:
Подробнее

Нигоҳубини рӯй

Нигоҳубини рӯй

Дар бисёр маврид бо таъсири омилҳои табииву рӯҳӣ, чеҳраи занро олудаи ғам ва ҳам осебдида мебинем. Яъне oжанг дар рӯй пайдо мегардад ва ё нури офтоб ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем ин навбат доир ба нигоҳубини рӯй барнома омода намоем. Мутахассисон бар он назаранд, ки ба рӯй ҳам муҳит, ҳам ғизо ва ҳам ҳолати рӯҳӣ таъсир мерасонад. Барои солим нигоҳ доштани пӯсти рӯй мебояд аз….

Поделиться в:
Подробнее