Рубрика: Рӯ ба рӯ

Барномаи “Рӯ ба рӯ” дар жанри ток-шоу таҳия мешавад. Ду нафар қаҳрамони барнома рӯ ба рӯ баҳс мекунанд ва ҳашт нафар ҷавонони дигар онҳоро ё дастгирӣ мекунанд, ё баръакс. Ҳамчунин коршиноси барнома андешаҳои баёншударо таҳлил намуда, роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод мекунад. Хулоса барномаи “Рӯ ба рӯ” аз рӯзгор ва мушкилоту муваффақиятҳои ҷавонони имрӯза сухан мекунад. Хотиррасон менамоям, ки барнома бо иштироки ҷавонони фаъоли имрӯз омода ва пахш мешавад. Барномаи “Рӯ ба рӯ” ба ҷавонон минбари озоди баёни андешаро пешниҳод мекунад.