Боздошти се ҷавон бо ҷурми дуздии аккумлиятор

Се ҷавони аз 20 то 22 сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо ҷурми дуздии аккумлиятори нақлиёт боздошт шуданд. Онҳо сокинони ҷамоати Гулхона, Ғӯлакандоз ва Ҳаёти Нави Ҷаббор Расулов буда бо дуздии барқдиҳандаи мошин ба 30 нафар аз 500 то 2000 сомонӣ зарари пулӣ расонидаанд. Аз Раёсати корҳои дохилӣ ба СМ-1 гуфтанд, ки ин иттифоқи сегона асосан воситаҳои нақлиёти дар кӯча ё назди ҳавлӣ гузошта шудаи тамғаи «Камаз» ва «Портер»-ро ҳадаф қарор додаанд. «Дуздиҳо шабона содир шуда аккумлияторҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада дар деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷойи зисти боздоштшудаҳо воқеъ аст, фурӯхта шуданд.» Мақомоти милитсияи Суғд нисбати ин ҳодиса бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятӣ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий