Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти кӯдакони маъюбиятдошта

«Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти кӯдакони маъюбиятдошта». Барнома бо унвони «Бишнав садои маро» сабт шуд. Мушкилоти кӯдакони имконияташон дар саломати маҳдуд ва шахсони маъюбиятдошта дар Печутоби замон муҳокима шуд. Муаммои ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба кӯдакистон ва мактаб ҳанӯз ҳам то ба охир ҳалли худро наёфта истодааст. Мушкилоти таълимоти инклюзивиро волидон кушоду равшан баён намуданд. Масъалаи муҳити мувофиқ барои ҳаракати одамони маъюб, таъминот бо ҷои кор, проблемаи шахсони имконияташон дар саломатӣ маҳдуд аст. Ба ҳамаи саволу нофаҳмиҳо намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сохтмону лоиҳакашӣ, ҳифзи ичтимоӣ ҷавоб гуфтанд. То куҷо ин посухҳо қаноатманд кард, баъди тамошои пурраи барнома мефаҳмед.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий